Сифати кору хизматрасонӣ.

Ҳавзи шиноварӣ – бозгў ба талаботи ҷаҳони муосир

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ва соҳибкорони бонангу номус симои шаҳраку деҳоти ноҳия боз ҳам ободу зебо мегардад. Бо иқдоми соҳибкори диёр,сокини ноҳияи Вахш Азамат Исмоилов маҷмааи хизматрасонӣ имрўз дар хизмати меҳмонону сокинони ноҳия қарор дорад.
Аз баракати соҳибистиқлолии давлат,таваҷҷўҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҷурии Тоҷикистон, ҷонибдорӣ ёфтани сиёсати созандаю бунёдкорона маркази ноҳияи Вахш ва деҳоти он ободу зебо гардида, ҳамватанони зиёде бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.Дар баробари ин вобаста ба бунёди иншооти тайиноти гуногун, бахусус, марказҳои хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкорон сифати кору хизматрасонӣ хеле беҳтар гардид.Бо иқдоми соҳибкори бонангу номуси диёр Азамат Исмоилов дар доираи истиқбол аз 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш маҷмааи хизматрасонӣ иборат аз ҳавзи шиноварии «Шифобахш», ҳаммом ва меҳмонхона бунёд гардида, имрўз дар хизмати сайёҳон,меҳмонони дохилу хориҷи кишвар ва сокинони шаҳру ноҳияҳои атроф қарор дорад. Хавзи шиноварии «Шифобахш» 9 –уми сентябри соли 2021 ба истифода дода шуда, масоҳати он 20 ба 10 метр ва чуқуриаш 1,5 метрро ташкил медиҳад.Аз файзу баракати соҳибистиқлолии давлат,ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш бо мутахассисони давлати Туркиё,ҷорӣ намудани технологияи туркӣ бо шарикони рушд ба маблағи зиёда аз 2,5 миллион сомонӣ ҳавзи шиноварӣ бунёд гардид,ки дар вилояти Хатлон беназир мебошад.
Сифати кору хизматрасонӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ пурра ҷавобгў буда, ҳавзи шиноварии «Шифобахш» тамоми фаслҳои сол дар хизмати мизоҷон қарор дорад.Дар фаслҳои тирамоҳу зимистон низ ҳарорати ҳавз ба 25 – 30 дараҷа гармӣ баробар буда, тобистон оби он барои шиноварӣ муътадил мебошад. Пеш аз он ки фароғаткунандагон вориди ҳавз гарданд,аввал тоза шустушуй карда, сипас дар ҳавз ба шиноварӣ машғул гардида,худро ҷисман ва рўҳан солим эҳсос мекунанд.Дар ин ҳавз танҳо ва танҳо аз оби тоза истифода мебаранд.Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медорад «Саломатии миллат сарвати бебаҳоест,ки бе он тавоноии давлатро тасаввур кардан имкон надорад».Аз нигоҳи табибон истифода аз чунин ҳавзҳои муосир дар баробари манфиатбахш будан барои одамони солим барои дардмандоне,ки ба бемориҳои гуногун гирифторанд шифобахш мебошад. Аз он ҷумла, барои дарди пой, буғумдарду миёндард ва асаб низ истифодаи чунин ҳавзҳоро манфиатбахш арзёбӣ медоранд.
Дар ҳақиқат, ҳавзи шиноварии «Шифобахш» дар Ҷамоати шаҳраки «Вахш» – и ноҳияи Вахш дорои буғхонаҳои тару хушк,ҷойи махсуси либосивазкунӣ, утоқҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон буда,бо дастгоғу таҷҳизоти муосир,лампаҳои каммасраф таъмин мебошад.Чор нафар ҳамватанон, онҳое,ки аз курсҳои бозомўзӣ гузаштаанд ба кор қабул гардида, сифати кору хизматрасониашон ба талаботи ҷаҳони муосир пурра ҷавобгў мебошад.Сокинони ноҳияи Вахш ва меҳмонон ин ҳама ободонӣ ва пешравиҳоро аз файзу баракати Истиқлолият ва сулҳу ваҳдати комил арзёбӣ доштанд.
Ҳамчунин дар маҷмааи хизматрасонӣ ҳаммоми «Мусаффо» бо ҳама шароити арзандаи замони муосир, бозгў ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ барои мардону занон алоҳида хизмат мерасонанд.Дар ҳаммом буғи хушку тар,ҳавзчаҳои оббозикунӣ дар хизмати меҳмонону ҳамватанон қарор дорад.Дар ошёнаи дуюм бошад,меҳмонхонаи замонавӣ иборат аз 16 ҳуҷра барои қабули зиёда аз 40 меҳмон дар як вақт бунёд гардидааст,ки меҳмонони хориҷӣ сайёҳони дохилу хориҷи кишвар аз хизматрасониҳои меҳмонхона истифода мебаранд. Нархи ҳавзи шиноварии «Шифобахш»,ҳаммоми «Мусаффо» ва меҳмонхона барои меҳмонон ва ҳамватанон дастрас буда, гарчанде,ки сифати кору хизматрасонӣ ва шароити буду бош ва хизматрасониҳо беҳтар бошад ҳам,вале нархи он нисбат ба шаҳрҳои Бохтару Душанбе арзонтар мебошад.
Дар доираи истиқболи арзанда аз 35 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати маҷмааи хизматрасони соҷибкори зикргардида тўйхонаи «Яккасарой» – ро бунёд намуд,ки ин бинои наву замонавӣ 9 – уми сентябри соли 2022 – юм бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҷурии Тоҷикистон,вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Тўйхонаи «Яккасарой» бо усули меъмории замонавӣ,гаҷкорӣ, кандакорӣ,ороишҳои замонавӣ бо 150 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд,ки дар ин тозакориҳо устоҳои маҳал саҳми арзанда доранд. Дар ин макони фароғатию фарҳангӣ сокинони маҳал ташкилоту муассисаҳо имкони воқеӣ доранд,ки тўй маъракаҳои фарзандон, маҳфилиҳои фарҳангию чорабиниҳои гуногунро дар сатҳи баланд гузаронанд.Тўйхонаи «Яккасарой» чунон бунёд гардида, ки барои арўсу домод,ҳофизон ва меҳмонони олиқадр ҷойи махсус омода карда, ҳамагон аз хўрокҳои миллӣ,оши самарқандӣ ва дигар таомҳои лаззиз истифода мебаранд.Занону бонувони хонанишин аз он изҳори қаноатмандӣ карданд,ки бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда,сатҳи рўзгорашонро беҳтар менамоянд.
Файзу баркати Истиқлолият беинтиҳост. Ҳам гўшаву канори Тоҷикистон обод мегардаду ҳам сифати кору хизматрасонӣ зина ба зина ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ баробар шуда, ҳамватанон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд ва зиндагӣ нумўи тоза меёбад.