Таърих

Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Хатлон (МСМС ва НС-и вилояти Хатлон)  тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 1998, таҳти №1111 «Дар бораи ҳимояи бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, таҳти №615 «Дар бораи ҳимояи бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти бесифат» таъсис ёфта ва дар асоси низомномаи аз тарафи Агентии Тоҷикстандарт тасдиқ карда шуда, кору фаъолият менамояд.

Маркази  стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Хатлон  дар шаҳри Бохтар,  хиёбони Ваҳдат 23  ҷойгир мебошад. Марказ фаъолияти худро дар шаҳрҳои Бохтару Левакант ва ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Хуросон, А.Ҷомӣ ва Ёвон амалӣ намуда, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораҳои давлатию  ғайридавлатии  шаҳру ноҳияҳои дар боло номбаршуда ҳамкории зич дорад. Дар Марказ 12 – шуъба,  2- бахш  ва  4-озмоишгоҳ  фаъолият доранд. Аз ҷумла:

  1. Шуъбаи муҳосибот,
  2. Шуъбаи умумӣ ва назорат,
  3. Шуъбаи баҳодиҳии мутобиқат,
  4. Шуъбаи кадрҳо ва ташкилӣ,
  5. Шуъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ,
  6. Шуъбаи нозироти савдо,
  7. Шуъбаи назорати давлатии воситаҳои ченак,
  8. Шуъбаи санҷиш ва калибровкаи воситаҳои ченак,
  9. Шуъбаи  назорати давлатӣ оид ба риояи  талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар маҷмааи агросаноатӣ,
  10. Шуъбаи  назорати давлатӣ оид ба риояи  талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар молҳои ниёзи мардум,
  11. Шуъбаи  назорати давлатӣ оид ба риояи  талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар корхонаҳои саноати вазнин,
  12. Шуъбаи истифодабарии техникӣ ва хоҷагидорӣ,
  13. Бахши низоми идоракунии сифат,
  14. Бахши иқтисодӣ ва банақшагирӣ,
  15. Озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ,
  16. Озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти нафтӣ.
  17. Озмоишгоҳи санҷиши масолеҳи сохтмонӣ,
  18. Озмоишгоҳи санҷиши нуриҳои менералӣ ва кимиёвӣ.

 

  • МСМС ва НС-и вилояти Хатлон
  • Сомона:  www.khatlonstandard.tj
  • E-mail:  zara85a@mail.ru
  • тел:     8322236171
  • факс:  8322228316