Сертификатсияи кору хизматрасонӣ

ШУЪБАИ ШАҲОДАТНОМАДИҲИИ КОРУ ХИЗМАТРАСОНӢ 

МУҚАРРАРОТИ УМУМИ

  • Шуъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ қисми сохтории МСМС ва НС-и вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, барои ташкил ва гузаронидани корҳои шаҳодатномадиҳии ҳатмӣ ва ихтиёрии кору хизматрасонӣ, таъсис дода шудааст.Шуъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 310  аз 18.06.12с «Дар бораи Номгӯи молҳо (кор, хизматрасонӣ), ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд»,  барои ҷавобгу будани объект ва  сатҳи хизматрасонӣ корҳои шаҳодатномадиҳӣ мегузаронанд.

ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ШУЪБА

  • Ба шуъбаи мазкур вазифаҳои зерин дохил мешаванд:
  • -ташкил ва гузаронидани корҳо оиди шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ мувофиқи талаботи  ҳуҷҷатҳои  меъёрии-техникӣ;
  • -риояи қоидаҳои асосии шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ;
  • -идора кардани Реестри давлатии иштирокчиён ва объектҳои  шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ;
  • – шаҳодатномадиҳии объектҳо   новобаста аз шакли  моликияташон;
  • -ба табъ расонидани иттилооти расмӣ оиди масоили шаҳодатномадиҳии кору хизматрасониҳо дар ВАО ва маҷаллаи «Стандарт ва сифат»;
  • -гузаронидани корҳои шаҳодатномадиҳии ҳатмӣ ва ихтиёрии хизматрасонӣ,
  • -таъмини сатҳи зарурии воқеият ва саҳеҳияти натиҷаҳои шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ;
  • -шаҳодатномадиҳии кору химатрасонии иншоотҳои хизматрасон дар Системаи сертификатсиякунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи номгӯи маҳсулот, кор ва хизматрасониҳое, ки ба сертификатсияи ҳатмӣ мансубанд, инчунин тибқи регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ муайян мешавад.
  • -ба шаҳодатномадиҳии ихтиёрӣ кору хизматрасониҳое дохил мешаванд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди шаҳодатномадиҳии ҳатмӣ қарор намегиранд.
  • -системаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасониро дар ҳама иншоотҳо (объектҳо), сарфи назар аз шакли моликияташон амалӣ намуда, иштироки мақомоти идораи давлатӣ, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳоро эътироф менамояд.
  • шуъба корҳои шаҳодатномадиҳии кору хизматрасониҳоро иҷро намуда, барои пешбурд ва такмили минбаъдаи кору хизматрасониҳои аз тарафи корхонаву муассисаҳо ба роҳ мондашуда масъул мебошад.
  • Ба корҳои шаҳодатномадиҳӣ дохил мешаванд:
  • -қабул ва баррасии аризаҳо;
  • -мувофиқи ариза қабул кардани қарор (хулосабарорӣ)
  • -баҳодиҳӣ ба раванди хизматрасониҳо (таҳлили ҳуҷҷатҳои воридшуда, ташхис ва муоинаи органолептикӣ);
  • -таҳлили натиҷаҳои пешниҳодшуда ва қабул намудани қарор дар бораи имконияти додани шаҳодатнома ба он кору хизматрасонӣ;
  • – шаҳодатномадиҳӣ.
  • Барои ба расмият даровардани шаҳодатномаҳои муассисаҳои хӯроки умумӣ ва нуқтаҳои савдое, ки ба фурӯши маҳсулотҳои хӯрокворӣ машғуланд, ҳуҷҷатҳои зерин истифода мешаванд:
  • -қарори Ҳукумати шаҳр, ноҳия оиди ташкил намудани нуқтаи савдо ва хӯроки умумӣ ё шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият,
  • -шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ,
  • -шартномаи иҷора ва дигар намуди ваколатҳо оиди истифодаи   иншоот;
  • -хулосаи хадамоти давлатии санитарию эпидемиологӣ.
  • Барои ба расмият даровардани шаҳодатномаҳои муассисаҳо ва нуқтаҳои савдое, ки ба фурӯши маҳсулотҳои ғайрихӯрокворӣ машғуланд, ҳуҷҷатҳои зерин истифода мешаванд:
  • -Қарори Ҳукумати шаҳр, ноҳия оиди ташкил намудани нуқтаи савдо ва хӯроки умумӣ ё шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, шартномаи иҷора ва дигар намуди ваколатҳо оиди истифодаи иншоот;
  • Барои ба расмият даровардани шаҳодатномаҳои муассисаҳо ва корхонаҳои соҳаи алоқа, туризм ва сайру саёҳат, фароғатӣ ҳуҷҷатҳои зерин истифода мешаванд:
  • – Қарори Ҳукумати шаҳр, ноҳия ё шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, оиннома, шартномаи иҷора;
  • -иҷозатнома оиди фаъолият:
  • Барои ба расмият даровардани шаҳодатномаҳои муассисаҳои хизматрасоние, ки дар назди бозорҳо фаъолият мекунанд, ҳуҷҷатҳои зерин истифода мешаванд;
  • -шартномаи байни бозор ва нуқтаҳои хизматрасон.

Барои тамос:

Муовини директор
Соҳибназарзода Аскаралӣ

Тел: (+992 3222) 3-61-68
е-mail: sskh@mail.ru

Сардори шуъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ
Файзов Бурҳониддин
Тел: (+992 3222) 3-66-07