Низоми идоракунии сифат

НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ СИФАТ ТИБҚИ СТАНДАРТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СИЛСИЛАИ ИСО 9000

Мафҳумҳои асоси: 

           ИСО 9000 чиро мефаҳмонад

  • Ин ташкилоти байналмилалӣ оид ба стандартонӣ мебошад, ки зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон узви он мебошанд. Ҳар як кишвар новобаста аз ҳудуд дорои овози “баробар” ба ҳисоб меравад. Агентии Тоҷикстандарт аъзо-мухбири (аъзо-корреспонденти) Ташкилоти байналмилалӣ оид ба  стандартонӣ ба ҳисоб меравад.

          Силсилаи ИСО 9000

  • Ин асоси системаи сифати ИСО 9000 дониста мешавад, ки аз чор стандарти байналмилалии пешниҳодкунандаи дастур оиди таҳия ва ҷорисозии сохтори самараноки идоракунии сифат иборат аст. Новобаста аз хусусиятҳои маҳсулоти истеҳсолшаванда ин стандартҳо ҳам дар доираи истеҳсолот ва ҳам дар доираи хизматгузорӣ қабул гардидаанд.
  • Низоми идоракунии сифат ба фаъолияти дохили ташкилот мансуб меёбад, ки ба қонеъ намудани талаботи истеъмолкунандагон ба сифат  равона шудааст.

          Стандартҳои асосии ИСО 9000

  • ИСО 9000:2000 қоидаҳо ва мафҳумҳои идоракунии сифатро муқаррар менамояд ва мундариҷаи силсилаи меёрҳоро тафсир мекунад ва рӯйхати истиллоҳот ва мафҳумҳоро барои истифодабарӣ дар ҳар гуна ташкилот медиҳад.
  •  ИСО 9001:2015 талаботро ба низоми идоракунии сифат муайян мекунад.
  • ИСО 9004:2009 муқаррароти идоракунандаро барои ташкили низоми менеҷменти сифат тасвир мекунад, ки аз  талаботҳои ИСO 9001 аз ҳад зиёд аст ва он бо мақсади қонеъ намудани талабот ва интизорҳои истеъмолкунандагон амалӣ мешавад.
  • ИСO 19011:2011 идораи банақшагирӣ ва гузаронидани аудити сифатро таъмин менамояд.

Ҳадафи истифодаи стандартҳои низоми идоракунии сифат

  • Ҳадафи аслии стандартҳои низоми идоракунии сифат расонидани кӯмак ба ташкилотҳое мебошад, ки мехоҳанд низоми идоракунии сифатро ташакул, амалӣ ва идора намоянд, ки ин ба онҳо имконият медиҳад, ки талаботҳои мизоҷонро дар сурати хароҷотҳои босамар аҳлона қонеъ гардонанд.
  • Стандартҳои ИСО силсилаи 9000 умумӣ мебошанд ва метавонанд, ки ба ҳар гуна ташкилот новобаста аз шакли фаъолият, ҳаҷм ва шакли ҳуқуқӣ татбиқ шавад. Дар шароити ҳозира ИСО 9000 яке аз стандартҳои маъруфи низоми идоракунӣ дар тамоми ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

        

  Татбиқи меёрҳои ИСО 9000

  • Қарор дар бораи татбиқи ИСО 9000 метавонад дар чунин омилҳо асос ёбад:
  • Қонеъкунии талаботҳои истеъмолкунандагоне, ки ИСО 9001 талаб мекунанд;
  • Баромад ба бозорҳои Иттиҳоди Аврупо;
  • Баландкунии рақобатпазири дар бозори дохилӣ ва берунӣ;
  • Ташакулли низоми сифат;
  • Камкунии аудитҳои такроршаванда  аз тарафи истеъмолкунандагони гуногун;
  • Беҳтаркунии кори таҳвилгарон.

Бартариятҳои асоси:

  • Васеъшавии эътироф барои меёрҳое, ки дар тамоми ҷаҳон истифода мешаванд;
  • Дастрасии байналхалқии стандартҳо бо забонҳои гуногун, ки ба васеъшавии муносибатҳо байни истеъмолкунандагони байналхалқӣ ва таҳвилгарон мусоидат мекунад.

          Бартариятҳои истифодаи ИСО 9000 ҳамчун асос барои:

  • Дарки бештар ва мувофиқаи фаъолият дар соҳаи сифат дар ҳудуди тамоми ташкилот;
  • Кафолати доимии истифодабарии низоми сифат;
  • Такмилдиҳии ҳуҷҷатҳо;
  • Ташаккулёбии ҳуҷҷатгузорӣ;
  • Беҳтаркунии фаҳмиши сифат;
  • Мустаҳкамкунии боварии байниҳамдигарӣ ва муносибатҳои ташкилот ва истеъмолкунанда;
  • Пасткунии хароҷотҳо ва зиёдшавии истеҳсолот;
  • Ташкили таҳкурсӣ ва қоидаҳои беҳтаркунии фаъолият дар соҳаҳои низоми менеҷменти сифат.

Низоми идоракунии сифат

  • Татбиқи стандарти ИСО 9001 ба ташкилот афзалияти воқеиеро фароҳам меоварад, ки метавонад шартан ҳамин тавр  амалӣ шавад:
  • Ташкилотӣ;
  • Иқтисодӣ;
  • Шуҳратмандӣ;
  • Стратегӣ.

Афзалияти ташкилотӣ:

  • Идоракунии доимӣ;
  • Тақсимкунии дақиқи масъулият ва ваколатҳо (салоҳиятҳо);
  • Амали мутақобилаи мувофиқшудаи равандҳо ва вазифаҳо;
  • Баланд бардоштани сатҳи бехатарии амалҳои ҳайати кории истеҳсолкунанда (мутахассисони корхона) аз ҳисоби дараҷаи тахассусӣ ва соҳибихтиёрӣ, фарҳанги истеҳсолоти устувории амалҳо, дастгоҳҳо ва равандҳои техникӣ.

Афзалиятҳои иқтисодӣ:

  • Дуруст истифодабарии захираҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии   меҳнат;
  • Паст намудани сатҳи “истеҳсолоти пинҳонӣ” – хароҷотҳо барои бартарафсозии номутобиқатҳо;
  • Паст кардани талафотҳои иқтисодӣ аз ҳисоби истифодаи дастгоҳҳои вайрон, таҷҳизот ва  воситаҳои ченаки корношоям ба истеҳсолот;
  • Кам кардани арзу шикоятҳо, ҷаримаҳо ва пардохтҳои ширкат вобаста ба ҳаргуна номувофиқиятҳо;
  • Васеъ намудани бозори фурӯши молу маҳсулот.

Афзалиятҳои шуҳратмандӣ:

  • Беҳдошти шуҳратмандии корхона дар назди ҳамаи тарафҳои манфиатдор;
  • Ба даст овардани тарафдории истеъмолкунандагон;
  • Баланд бардоштани одоби кормандон, беҳтаркунии фазои рӯҳӣ;
  • Беҳтар намудани муносибат бо таъминкунандагони мол;
  • Эътирофи милллӣ ва байналмилалии кори ташкилот дар соҳаи сифат, тақвиятбахшии мавқеъ дар вақти иштирок дар озмунҳо оиди сифат.

Афзалиятҳои стратегӣ:

  • Сайқалдиҳии дониш ва таҷрибаи кормандон, шакливазкунии  дониш ва таҷрибаи кормандони корхона дар иқтидори зеҳнии ширкат (корхона);
  • Инкишофи дороиҳои ғайримоддӣ ва баландшавии сармояи ширкат;
  • Имконияти зиёдкунии соҳибкорӣ;
  • Омодагӣ ба азнавкунии равандҳои соҳибкорӣ.

Ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ:

  • Сертификати ИСО  9001 имкон фароҳам меоварад, ки корхонаву ташкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ ҳамкорӣ дошта бошанд, зеро мавҷудияти сертификати ИСО 9001 дар тамоми ҷаҳон ҳангоми бастани шартнома ва аҳдномаҳо таҷрибаи расмии стандартӣ ба ҳисоб меравад.
  • Ҳеҷ ягон ширкати ғарбӣ бо ташкилоту корхонае, ки стандарти байналмилалии силсилаи ИСО 9000 надорад, шартномаи ҳамкорӣ барқарор намесозад.
  • Ҳамин тариқ, сертификати ИСО 9001-ин рухсатнома ба бозори ҷаҳонӣ дониста мешавад.
  • Корхона соҳиби сертификати ИСО 9001 гардида, маблағ бой намедиҳад, балки дар наздиктарин ояндабинии инкишофи истеҳсолот соҳиби даромади назаррас мегардад.
  • Низоми идоракунии сифат – воситаи манфиатовари рушду инкишофи ширкат мегардад.
  • Бинобар ин истифодаи дурусти онро бояд пеша кард.

Самаранокӣ

  • Самаранокии кори корхонаҳое, ки низоми сифатро татбиқ кардаанд, аз корхонаҳое, ки дар раванди кориашон онро ҷорӣ накардаанд 2-3 маротиба зиёдтар мебошад.
  • Дар натиҷаи ҷорӣ намудани низоми сифат ба ҳар як доллари гузошташуда, таъсири иқтисодӣ аз 2 то 5 долларро ташкил медиҳад.
  • Арзиши бозории ташкилот воқеан ба ҳисоби миёна то 10 % зиёд мешавад.

          Давраҳои татбиқи низоми менеҷменти сифтат

           Давраи I

  • Гузаронидани омузиши кормандони корхона оиди мундариҷаи талаботҳои ИСО 9001

          Давраи II

  • Гузаронидани таҳлили равандҳо ва ҳуҷҷатҳо дар мувофиқат ба талаботҳои стандарти ИСО 9001
  • Муқоисакунӣ ва тавсифи равандҳо
  • Таҳлили сохтори ҳуҷҷатҳо
  • Ташхиси иҷрои қоидаҳои низоми менеҷменти сифат дар шуъбаҳои вазифавӣ ва истеҳсолӣ дар тамоми ҷузъҳои низоми менеҷменти сифат          Давраи III
  • Таҳияи лоиҳаҳои қоидаҳои ҳуҷҷаткардашуда оиди ҷузъҳои низоми менеҷменти сифат  (таркиби ҳуҷҷатҳо баъди иҷрои Давраи II  бо татбиқи минбаъда муайян мешавад).                                                                               Давраи IV
  • Таҳияи барномаи аудитҳои дохилӣ пеш аз сертификатсияи низоми менеҷменти сифат оиди мутобиқат ба талаботҳои стандарти ИСО 9001
  • Иштирок дар гузаронидани аудити дохилӣ ва барасмиятдарории натиҷаҳо, аз он ҷумла таҳияи пешниҳодҳо оиди амалиётҳои  дурусткунӣ
  • Расонидани кӯмаки методӣ дар бартарафкунии номувофиқиятҳои натиҷаи аудит
  • Расонидани кӯмак дар барасмиятдарории аризаҳо оиди сертификатсияи  низоми менеҷменти сифат  (бо анҷом ёфтани бартарафкунии номувофиқатҳо дар натиҷаи аудит)                               Давраи V
  • Гузаронидани аудити берунӣ, ки мақсадаш муайянкунии омадагии ташкилот ба гирифтани сертификат мебошад
  • Гирифтани сертификат
  • Аудити назоратӣ
  • Аз нав сертификатсиякунонӣ  (гирифтани сертификати нав).

         Стандартҳои ИСО дар Тоҷикистон 

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон ҳамчун мақомоти ваколатдор оид ба ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифат дар суъбектҳои хоҷагидор корҳои фаҳмондадиҳи,  машварату семинарҳо гузаронида,  стандартҳои зеринро амалӣ менамояд:

  • ИСО 9001:2015 – “Системаи менеҷменти сифат”;
  • ИСO 14001:2007 – “Системаи менеҷменти экологӣ”;
  • OHSAS 18001:2007 – “Системаи менеҷменти бехатарии меҳат”;
  • НАССР – “Таҳлили хатарҳо ва назорат дар нуқтаҳои таҳдидомез”;
  • ИСO 22000-2005 – “Системаи менеҷменти бехатарии маҳсулотҳои хӯрокворӣ”.

Оиди ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат ва корҳои сертификаткунонӣ Шумо метавонед ба Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон ба бахши низоми идоракунии сифат муроҷиат намоед.

Суроға: ш. Бохтар, хиё.Ваҳдат-23, тел: 2-83-16, 3-61-71

Барои тамос:

Муовини директор
Шарифзода Назрулло

Тел: (+992 3222) 3-61-71

Мудири бахши низоми идоракунии сифат
Эмомов Давлаталӣ
Тел: 918-68-40-71