Шуъбаи назорати давлатӣ дар саноати вазнин

Шуъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣтехникӣ дар корхонаҳои саноати вазнин

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМИ

1) Шуъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ дар корхонаҳои саноати вазнин фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хизмати давлатӣ»,  низомномаи Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлонқ ба роҳ мемонад. Масъалаҳои умумиро вобаста ба фаъолияти шӯъба Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, вазифа, функсия, тартиби фаъолияти шуъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ дар корхонаҳои саноати вазнинро ба танзим медарорад.

2) Шуъба таҳти роҳбарии директори Марказ ва муовинони ӯ тибқи тақсимоти вазифаҳо фаъолият мекунад.

3) Шуъба шахси ҳуқуқӣ набуда, ҳамчун воҳиди ташкилию иҷроияи таъминкунандаи фаъолияти Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон мебошад.

  1. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ШУЪБА

1) Гузаронидани назорати давлатӣ бо инобат гирифтани ҳамаи корхонаҳои истеҳсолӣ новобаста аз шакли моликият.

2) Гузаронидани назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар ҳамаи марҳилаҳои ҷараёни истеҳсоли маҳсулот аз лоиҳакашӣ то несту нобудсозии он.

3) Иштирок дар корҳои ваколатдиҳӣ, сертификатсия ва намудҳои гуногуни ташхисҳо дар доираи ваколатҳои додашуда.

4) Амалӣ намудани кумаки ташкилӣ методӣ ба корхонаҳои назоратшаванда дар соҳаи бамеъёрдарорӣ ва стандартонӣ дар ҳамаи марҳилаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ.

5)Объектҳои назорати давлатӣ инҳо мебошанд:
– маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фуруш,
истифодаи партовҳои он, иҷрои корва хизматрасонӣ дар қисми бехатарӣ;
-ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии маҳсулот;
– ҷараёнҳои технологии истеҳсолот ва ташҳиси маҳсулот;

6) Субъектҳои назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ инҳо мебошанд:
– шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсонӣ воқеӣ;
– шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд новобаста аз шакли моликият, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд ба ҳисоб мераванд.

7) Шуъбаи мазкур мувофиқи реглементи техникии бехатарии масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ амал мекунад. Регламенти техникии бехатарии масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ (минбаъд – Регламенти техникӣ) ба масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ (минбаъд – маҳсулот), ки барои истеҳсол ё сохтани таркиботи (конструксияҳои) сохтмонию системаҳои дохилии муҳандисии биноҳо ва дигар иншооти сохтмонӣ истифода бурда мешаванд, татбиқ гардида, талаботи техникии риояашон ҳатмии марбут ба бехатарии маҳсулот, ҷараёни истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш ва коркарди партовҳои онро дар бар мегирад.

Регламенти техникӣ барои истифода ва иҷро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи ҳатмиро нисбат ба маҳсулот бо мақсадҳои зерин муқаррар менамояд:
– ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, амволи давлатӣ, моликиятишахсои

воқеӣ ё ҳуқуқӣ;
-ҳифзи муҳити зист, ҳаёт ва саломатии ҳайвонот ва наботот;
– пешгирии амалҳое, ки харидоронро ба иштибоҳ меандозанд.

  1. ВАКОЛАТҲОИ ШУЪБА

Шуъбаи мазкур дорои чунин ваколатҳо мебошад:
– пешбурди фаъолият оид ба соҳаи бамеъердарории техникӣ ва стандартонӣ;
– паҳн намудани стандартҳои байналмилалӣ, қоида ва дастурҳои соҳаи стандаотонӣ;
– таҳия, ташкили кор оид ба тасдиқи регламентҳои техникӣ барои мафодҳои сохтмонӣ;
– амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламетҳои техникӣ, инчунин риояи қоидаҳои сертификатсияи ҳатмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бехатарии ҳаёт, саломатӣ ва моликияти шаҳрвандон, ҳимояи муҳити зист, қобили рақобатнок будани молу маҳсулот, ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва манфиати давлат;
– иштирок дар таҳияи регламентҳои техникӣ ва стандартҳои давлатӣ;
– иштирок дар гузаронидани экспертиза ва тасдиқи реглментҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ;
– пешгирӣ ва муайянкунии сабабҳои вайронкунии талаботҳои регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёри-техникӣ, ки ба маҳсулот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои субъектҳои фаъолияти хоҷагидор, новобаста аз шакли моликият муқаррар карда шудаанд;
– баланд бардоштани сифати масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ;
– кумак расонидан ба корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми назорати сифат ва бехатарӣ дар истеҳсолот тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ;

Барои тамос:

Муовини директор
Соҳибназарзода Аскаралӣ

Тел: (+992 3222) 3-61-68
е-mail: sskh@mail.ru

Сардори шуъбаи назорати давлатӣ дар корхонаҳои саноати вазнин
Сатторов Маҳмадрасул
Тел: 902-55-72-55