Шуъбаи санҷиши давлатии воситаҳои ченак

«Ба ғайр аз зебоӣ ҷаҳонро стандартҳо ва

саҳеҳӣ метрология  наҷот медиҳад»

Шуъбаи санҷиши давлатии воситаҳои ченаки

МСМС ва НС-и вилояти Хатлон.

 

Шуъбаи санҷиши давлатии воситаҳои ченак дар тобеияти Маркази вилоятии Тоҷикстандарт шомил буда,ба амали гардондани санҷиши давлатии воситаҳои ченаки мавриди истифодабари қарордошта кор ва фаъолят мекунад.

Айни ҳол дар шуъба чор бахши санҷиши давлатии воситаҳои ченак   фаъолят менамояд. Аз ҷумла:

-Бахши санҷиши ченакҳои радиоэлектромагнитӣ,

-Бахши санҷиши ченакҳои сарфу фишор,

-Бахши санҷиши ченакҳои механикӣ,

-Бахши санҷиши ченакҳои геометрӣ.

Барои тамос:

Муовини директор
Шарифзода Назрулло

Тел: (+992 3222) 3-61-71

Сардори шуъбаи санҷиши давлатии воситаҳои ченак
Раҷабов Ҳоҷимад Файзиевич
Тел: 903-11-55-66

 

Бахши санҷиши ченакҳои радиоэлектромагнитӣ- санҷиши ҳисобкунакҳои барқии якфаза ва 3-фазаи ноқилаи индуксионию электронӣ, трансформаторҳои қувва ва ҷараён, амперметр, волтметр, ваттметр, клещ, сониясанҷ ва дигар таҷҳизотҳои барқиро мегузаронад.

 

Бахши санҷиши ченакҳои сарфу фишор – санҷиши ҳисобкунакҳои обии диаметри 15мм, 20мм, 25мм, 32мм, 40мм, 50 мм , ҳисобкунакҳои гази табии,

сутуни тақсимоти гази моеъ, сутуни тақсимоти сузишвори, манометрҳо ОБМ-ЭКМ, термометрҳо ва дигар воситаҳои ченакро мегузаронад.

 

Бахши санҷиши ченакҳои механикӣ – санҷиши тарозуҳои механикию электронӣ то 5000 кг, тарозуҳои лабораторию тиббӣ, тарозуҳои механикию электронии автомобилӣ то 120т, маҷмуи сангҳо (набор гир) ва сангҳои 1кг, 2кг, 5кг, 10кг, 20кг, 500 кг мегузарнад.

 

Бахши санҷиши ченакҳои геометрӣ-  санҷиши ҷадвалҳои оҳанию чубин, рулетка, штангенсиркул, микрометр, угломер,нивелир, микроскоп, суъатсанҷ (радар) ва дигар воситаҳои ченакро амалӣ менамояд.