Иҷлосия тақдирсоз буд

Дар Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон бо иштироки роҳбарияти Агентии Тоҷикстандарт, бо мутахассисони марказ бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рузи Президент ҳамоиш баргузор шуд.
Ҳамоишро намояндаи масъули Агентии Тоҷикстандарт ифтитоҳ намуда, таъкид дошт,ки Иҷлосияи 16 – уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,ки дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ аз 16 – уми ноябр то 2 – юми декабри соли 1992 гузашт,воқеан сарнавиштсозу тақдирсоз буд, зеро дар ин Иҷлосия тақдири имрўзу фардои давлату миллати тоҷик дар хатар буд.Аз ин нигоҳ зарур аст, ки мо ба қадри ватану ватандорӣ, вакилони ин иҷлосияи таърихӣ бирасему атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Парчами нангу номуси ватандорӣ боз ҳам зичтар муттаҳид бошем.
Дар назди иштирокчиёни ҳамоиш, ки дар Маркази стандартизатсия, метрология,сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон баргузор гардид, муовини якуми директори Агентии Тоҷикстандарт Мирзоён Раҳмоншоҳ Давлат бо маърўзаи таҳлилӣ дар мавзўи “Нақши Иҷлосияи 16 – уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоннисориҳои Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва бунёди давлати навини тоҷик” баромад кард. Ў ёдовар шуд,ки соли 1992 хоинону бадхоҳони миллати тоҷик мардуми Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Хавфу хатари аз байн рафтани давлату миллат ҷой дошт.Халқро як ноумеди фаро гирифта буду деҳоти водии Вахш ва гўшаю канори собиқ шаҳри Қурғонтеппа ва дар чанд минтақаи дигари Ватан оташи ҷанги худкушӣ аланга мегирифт.
Беш аз 1 миллион ҳамватанон фирорӣ шуданд. Дар он рўзгори фоҷеабор сиёсатмадор, ҷавонмарди далеру ватандори асиле лозим буд, ки Тоҷкистонро аз чанги ҷангу хунрезӣ раҳо бахшаду дар дили мардуми кишвар шуълаи умедро ба фардо бедор намояд.
Дар сарнавишти миллату давлати тоҷик ин нақши таърихиро Иҷлосияи 16 – уми Шўрои Олии Тоҷикистон, вакилони он, бахусус, фарзона фарзанди ғаюри миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки ин Иҷлосияи тақдирсоз ўро ба сифати Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сари қудрат овард, бозида тавонист. Дари сулҳ боз гардиду мардуми фирорӣ сарҷамъ шуд.Дар дили халқ шуълаи умед ба фардо фурўзон гардиду сулҳу субот танинандоз.
Узви комиссиуни оштии миллӣ содиқона фаъолият кардану оқибат 27 – уми июни соли 1997 Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар шаҳри Москва ба имзо расид. Насли ояндасози миллат ба хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, вакилони Иҷлосияи таърихӣ ва дигар фарзандони содиқи миллат дар роҳи таъмини осоиштагии мардум эъмори давлати навини тоҷик арҷ мегузоранд,- таъкид шуд дар ҳамоиш.