Талаботи Регламентҳои техникиро бояд донист ва риоя кард

Замон тақозо дорад, ки истеҳсолотчиёни ватанӣ маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол карда, талаботи Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъӣ риоя намоянд. Дар Маркази вилоятии Тоҷикстандарт бо иштироки соҳибкорон ва истеҳсолотчиёни ватанӣ, мутахассисони мақомоти зикргардида дар мавзўи “Риояи талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гўшт ва маҳсулоти гўштӣ” семинар – машварати омўзишӣ баргузор шуд.
Зимни баргузории семинар – машварати омўзишӣ дар маркази вилоятии Тоҷикстандарт вобаста ба талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гўшт ва маҳсулоти гўштӣ” роҳбарони масъул таъкид доштанд, ки имрўз корхонаҳои истењсолӣ бояд фаъолияти худро аз рўи меъёрҳои стандартҳои давлатӣ ва стандартҳои байналмиллалӣ ба роҳ монда, ба сифат ва бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ бахусус, гўшт ва маҳсулоти гўштӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд. Дар ин раванд таъкид шуд, ки соҳибкорон ва иштирокчиёни семинар – машварат бо маводҳои иттилоотӣ таъмин шуданд, ҳадафу мақсадҳои семинар машварат ба онњо фаҳмонида шуд.
Ҳамчунин баромадкунандагон ёдовар шуданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз баракати истиқлолият, дастгирии соҳибкории хурду миёна, корхона, коргоҳҳои истеҳсолии зиёде фаъолият доранд, ки онҳо аслан ба истеҳсоли маҳсулоти хўрока, бахусус гўшт ва маҳсулоти гўштӣ машғуланд. ҶДММ “Лазиз” – и шаҳри Бохтар зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, беш аз як даҳсола боз ба истеҳсоли ҳасибҳои гуногун машғул мебошад. Ин ҷамъият фаъолияти худро тибқи стандартҳои байналмиллалӣ ба роҳ монда, дастгоҳу таҷҳизоти муосирро аз хориҷи кишвар, бахусус давлатҳои пешрафтаи дунё, Олмон, Чин ва Руссия ворид кардааст. Имрўз маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона рақобатпазир буда, дар бозори истеъмолӣ талабгорони зиёде дорад. Ҳамкории соҳибкорон ва мутахассисони мақомоти Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон бо истеҳсолотчиёни ватанӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Дар баробари ин дар семинар – машварати омўзишӣ таъкид гардид, ки дар баробари соҳибкорону фурўшандаҳо бояд истеъмолкунандагон низ ҳуқуқҳои худро бишиносанд, талаботи қонунҳои амалкунанда ва Регламентҳои техникиро аз мадди назар дур накунанд. Аз ин нигоҳ харидор чӣ гуна ҳуқуқҳоро дорост?
Воқеан иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, “Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ” ва Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳар як соҳибкор, ҳар як истеҳсолотчии ватанӣ ва пеш аз ҳама истеъмолкунандагон қатъӣ риоя кунанд. Чунин буд муҳтавои семинар – машварати омўзишӣ, ки он барои иштирокчиён манфиатбахш буд.