Озмоишгоҳи санҷиши маҳсулотҳои сохтмонӣ

Озмоишгоҳи санҷишии маҳсулоти сохтмонӣ қисми таркибии Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази миллӣ оид ба аккредитатсия” мутобиқи талаботи ГОСТ ИСО МЭК 17025-2009 таҳти №TJ 762.37100.02.047-2018 аккредитатсия карда шудааст.

Вазифаи асосии озмоишгоҳ ҳимояи манфиати истеъмолкунандагон дар масъалаи сифат ва бехатарии маҳсулотҳои ватани ва воридоти мебошад.

Озмоишгоҳи санҷиши маҳсулотҳои сохтмонии Марказ дар доираи ваколати худ сифати физико-механикии  чунин маҳсулотҳои сохтмониро  аз санҷиш мегузаронад. Аз он ҷумла семент, бетон, хишти сафолӣ, арматура ва сими пулодин, сохти донабандии регу сангреза, гаҷи сохтмонӣ, зичии хок, сангҳои бетонии девори, рангҳои равғанӣ ва обӣ ва ғайра.

Санҷиш ҳангоми  муайян  намудани мустаҳкамии  кубикхои бетонӣ.

Санҷиш ҳангоми муайян намудани мустаҳкамии семент

Санҷиш ҳангоми муайян намудани сифати арматура.

Санҷиши сифати рангҳои  равғани ва оби.

Санҷиш ҳангоми муайян намудани сохти донабандии сангреза ва реги сохтмонӣ

Гирифти намунаи зичии хок аз чоҳбуни сохтмони бинои истиқоматии 5-ошёна дар ноҳияи Вахш

Гирифти намунаи зичии хок  аз сохтмони  роҳи автомобилгарди Балҷувон Сари Хосор

Барои тамос:

Мудири озмоишгоҳ
Бурҳонов Сайфулло
Тел: 985-64-12-91