Шуъбаи назорати давлатӣ дар молҳои ниёзи мардум

Шуъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣтехникӣ дар молҳои ниёзи мардум

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМИ

1) Шуъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ дар молҳои ниёзи мардум фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хизмати давлатӣ»,  низомномаи Марказ ба роҳ мемонад. Масъалаҳои умумиро вобаста ба фаъолияти шӯъба Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ташкилӣ, сохтор, вазифа, функсия, тартиби фаъолияти шуъбаи назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ дар молҳои ниёзи мардум- ро ба танзим медарорад.

2) Шуъба таҳти роҳбарии директори Марказ ва муовинони ӯ тибқи тақсимоти вазифаҳо фаъолият мекунад.

3) Шуъба шахси ҳуқуқӣ набуда, ҳамчун воҳиди ташкилию иҷроияи таъминкунандаи фаъолияти Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон мебошад.

  1. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ШУЪБА

1) Гузаронидани назорати давлатӣ бо инобат гирифтани ҳамаи корхонаҳои истеҳсолӣ новобаста аз шакли моликият.

2) Гузаронидани назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар ҳамаи марҳилаҳои ҷараёни истеҳсоли маҳсулот аз лоиҳакашӣ то несту нобудсозии он.

3) Иштирок дар корҳои ваколатдиҳӣ, сертификатсия ва намудҳои гуногуни ташхисҳо дар доираи ваколатҳои додашуда.

4) Амалӣ намудани кумаки ташкилӣ методӣ ба корхонаҳои назоратшаванда дар соҳаи бамеъёрдарорӣ ва стандартонӣ дар ҳамаи марҳилаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ.

5)Объектҳои назорати давлатӣ инҳо мебошанд:
– маҳсулот, ҷараёни коркард, истеҳсол, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, фуруш,
истифодаи партовҳои он, иҷрои корва хизматрасонӣ дар қисми бехатарӣ;
-ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии маҳсулот;
– ҷараёнҳои технологии истеҳсолот ва ташҳиси маҳсулот;

6) Субъектҳои назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ инҳо мебошанд:
– шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсонӣ воқеӣ;
– шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд новобаста аз шакли моликият, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд ба ҳисоб мераванд.

  1. ВАКОЛАТҲОИ ШУЪБА

Шуъбаи мазкур дорои чунин ваколатҳо мебошад:
– пешбурди фаъолият оид ба соҳаи бамеъердарории техникӣ ва стандартонӣ;
– паҳн намудани стандартҳои байналмилалӣ, қоида ва дастурҳои соҳаи стандаотонӣ;
– таҳия, ташкили кор оид ба тасдиқи регламентҳои техникӣ барои молҳои ниёзи мардум;
– амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи регламетҳои техникӣ, инчунин риояи қоидаҳои сертификатсияи ҳатмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бехатарии ҳаёт, саломатӣ ва моликияти шаҳрвандон, ҳимояи муҳити зист, қобили рақобатнок будани молу маҳсулот, ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва манфиати давлат;
– иштирок дар таҳияи регламентҳои техникӣ ва стандартҳои давлатӣ;
– иштирок дар гузаронидани экспертиза ва тасдиқи реглментҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ;
– пешгирӣ ва муайянкунии сабабҳои вайронкунии талаботҳои регламентҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёри-техникӣ, ки ба маҳсулот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои субъектҳои фаъолияти хоҷагидор, новобаста аз шакли моликият муқаррар карда шудаанд;
– баланд бардоштани сифати молҳои ниёзи мардум;
– кумак расонидан ба корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми назорати сифат ва бехатарӣ дар истеҳсолот тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ;

Барои тамос:

Муовини директор
Соҳибназарзода Аскаралӣ

Тел: (+992 3222) 3-61-68
е-mail: sskh@mail.ru

Сардори шуъбаи назорати давлатӣ дар молҳои ниёзи мардум
Бегназаров Абдузоир
Тел: 918-63-07-06