Шуъбаи нозироти савдо

Низомнома тартиби ташкил ва фаъолияти шуъбаи нозироти савдои Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон муайян менамояд.

Шуъба яке аз воҳидҳои сохтории Марказ буда, оид ба риояи қойдаву меъёрҳои савдо ва хуроки умумӣ, тартиби истифодабарии нархгузорӣ барои гурӯҳи молҳои алоҳида, сифату бехатарии маҳсулот ва хизматрасонӣ дар бозори истеъмолӣ  назорати давлатӣ мебарад.

Вазифаҳои асосии шуъба аз инҳо иборат аст:

— ташкил ва гузаронидани назорати давлатӣ оид ба риояи меъёру қоидаҳои савдо ва хуроки умумӣ, сифат ва бехатарии молҳои ниёзи мардум.

—  ба роҳ мондани фаъолият доир ба пешгирии кирдорҳои суистифода дар соҳаи савдо, хуроки умумӣ ва роҳ надодан ба воридшавии молҳои бесифат ба бозори истеъмоли, амали намудани чорабиниҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар соҳаи савдо, хуроки умумӣ ва хизматрасонӣ.

—  дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шуъбаҳои Марказ лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳӯқуқӣ стандартҳои давлатиро таҳия менамояд, ки фаъолияти муассисаҳои тиҷоратӣ ва хуроки умумиро ба танзим дароварда, ба таъмини сифат ва бехатарии хизматрасонии савдо ва хуроки умумӣ талаботи риояи регламентҳои техникӣ нисбати молҳои ниёзи мардум, ҷараёни нигаҳдори ва фуруши онҳо мусоидат менамояд.