Озмоишгоҳи санҷиши маҳсулотҳои нафтӣ

РОҲ БА СӮЙИ СИФАТ ВА ЗЕБОӢ БЕОХИР АСТ!

Озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти нафтӣ

Озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти нафтӣ, воҳиди сохтории Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон буда, аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази миллӣ оид ба аккредитатсия” мутобиқи талаботҳои ГОСТ ИСО МЭК 17025-2009 “Талаботҳои умумӣ оид ба салоҳиятнокии озмоишгоҳҳои ташхисӣ ва калибровкакунонӣ” аккредитатсия карда шудааст.

Доираи аккредитатсияи озмоишгоҳи мазкур санҷиши бензинҳои автомобилӣ, бензинҳои авиатсионӣ, сӯзишвории дизелӣ, сӯзишвории печӣ, равғанҳои молиданӣ, моеъҳои хунуккунак (антифриз), мазут, муми моеъро дар бар мегирад.

 

Барои тамос:

Мудири озмоишгоҳ
Розиков Даврон
Тел: 918-25-35-65