Озмоишгоҳи санҷиши маҳсулотҳои хӯрока

«Ба ғайр Таъмини сифат ва бехатарии маҳсулотҳои  хӯрокворӣ»

 Озмоишгоҳи  санҷиши маҳсулоти хӯрока ва кишоварзӣ

 

Озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти хӯрока ва кишоварзӣ   дар тобеияти Маркази  вилоятии Тоҷикстандарт буда, санҷиши маҳсулоти  хӯрока ва кишоварзии  амалӣ менамояд.

Айни ҳол дар озмоишгоҳ  3-  бахши  фаъолят  мекунад. Аз ҷумла:

-Бахши бехатарӣ

-Бахши ордию-ғаллагӣ.

-Бахши физикию-кимиёвӣ

 

Бахши физики  кимиёви – дар ин бахш таркиби маҳсулоти  хӯрока ва кишоварзи аз ташхис гузаронида мешавад: аз аз ҷумла

маҳсулотҳои гушти , ширӣ, равғани растанӣ, намаки ошӣ, чой, нушокаҳои машруботи ва ғайримашруботи ,мева, сабзавот ва маҳсулотҳои полезӣ.

Бахши ордию  ғаллагӣ –  дар ин бахш таркиби  маҳсулоти ордию ғалладонагӣ аз ташхис гузаронида мешавад: аз ҷумла гандум  орд, маҳсулотҳои аз орд  тайёршаванда, маҳсулотҳои ғалладонагӣ

(биринҷ, нахуд, ярма марҷумак, ярмаи ҷав ) ва маҳсулотҳои ордию қанноди (кулчақанд,торт,пирожни,рулет,кекс).

Бахши бехатарӣ – дар ин бахш нишондодҳои бехатарии маҳсулоти хӯрока муайян карда мешавад. Аз он ҷумла: БГМР-бактерияи гуруҳи микробҳои рудаҳо (колиформҳо) дар вазни холиси маҳсулоти ғизоӣ (г/см3) роҳ дода намешавад, КМАФАнМ – шумораи микроорганизмҳои мезофилию аэробӣ ва факултативӣ – анаэробӣ, микроорганизмҳои патагенӣ, аз он ҷумла  салмонеллаҳо.