Ватандорӣ . Дастовардҳои 31 соли соҳибистиқлолӣ

“Истиқлолият шиносномаи давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва нишонаи пойдориву бақои он мебошад».
Ин таъкидҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад,ки ба қадри истиқлолият, давлату давлатдорӣ ва ватандорӣ бирасем, обрўю эътибори миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло бардорем,
Мо хушбахтарин миллатем,ки тули 31 сол боз дар фазои соҳибистиқлолӣ,дар сарзамини аҷдодӣ зери Парчами нангу номуси ватандорӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору пайкор дорем.Тули ин солҳо 180 давлати дунё Тоҷикистонро ба расмият шинохта,ба давлати мо ҳамкориҳои, иқтисодиву иҷтимоиро дар ҳама самтҳои ҳаётан муҳим густариши тоза бахшиданд.
Агар ба таърихи миллати бофарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик назар андозем,ин миллат истиқлолхоҳ, озодипараст, дорои ғурури миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буд ва хушбахтона, имрўз низ анъанаҳои неки гузаштагонро идома бахшида истодааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон шукронаи обу хоки сарзамин, соҳибистиқлолии давлати ободу озод ва Пешвои муаззами миллатро мекунем.Дар дунё ҳастанд миллатҳое, ки шумораашон аз давлату ватани мо хеле зиёд аст,вале Ватан надоранд,дар ҷомеа сарсону саргардонанд.Пас чаро мо шукгузорӣ ин Ватани биҳиштӣ,ин Ватани соҳибистиқлол,ин ватани ободу осуда набошем? Охир,ватандорӣ имондорӣ буда,шарафи бузург насибамон гардида,ки Ватани мо 31 сол боз соҳибистиқлол мебошад ва муносибатҳои дипломатиашро бо давлатњои тараққикардаи дунё густариши тоза мебахшад.
Аз ин нигоҳ,дастовардҳои соҳибистиқлолиро ба ивази ҷон ҳифз мекунем,намегузорем,ки нокасе,чоплусе, нотавонбине арзишҳои соҳибистиқлолӣ ва муқаддасоти миллиро нодида гирифта,ба сўи давлати маҳбуби мо санги маломат ҳаво диҳад.Чунин ашхос набояд аз хотир бароранд,ки халқи Тоҷикистон дар фазои осуда,ободу озоди давлати соҳибистиқлол,зери Парчами нангу номуси ватандорӣ,таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иттиҳоду ҳамбастагӣ,эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муќаддасоту арзишњои миллї кору пайкор дорем.
Мо кормандони мақомоти Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон аз сиёсати дарҳои бози Тоҷикистон,сиёсати худшиносии миллӣ,сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории комил намуда,иқдому ташаббусҳои Роҳбари давлатро самимона пазироӣ мекунем ва содиқона дар амал татбиқ менамоем.
Рўйдодҳои фараҳбахше,ки солҳои соҳибистиқлолӣ ба вуқўъ пайвастанд,барои мо кормандони мақомоти Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон фаромўшнопазир мебошад.Аввалан,узви комилҳуқуқи Созмони Умимиҷаҳонии Савдо гардидани Тоҷикистон,дуюм ташрифи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ва ширкат варзидан дар ифтитоҳи Озмоишгоҳои замонавии Маркази вилоятии Тоҷикстандарт.Воқеан, гузаштан ба низоми тиҷоратии тиҷорат,узви комилҳуқуқи Созмони Умиҷаҳонии Савдо гардидани Тоҷикистон,муҳайё гардидани шароити арзандаи корӣ,ворид гардидани дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба Озмоишгоҳҳои Маркази вилоятии Тоҷикстандарт ин ҳама аз файзу баракати соҳибистиқлолии давлат бо азму талошҳои Пешвои муаззами миллат рўи кор омадааст,ки мояи ифтихору сарфарозист.
Таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорон буд,ки дар қатори дигар вилоятҳо шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар вилояти Хатлон соҳибкорӣ рушди тоза ёфта, садҳо иншооти наву замонавӣ,коргоҳ ва корхонаҳои бозгў ба талаботи ҷаҳони муосир бунёд ёфтанд.Барои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, рақобатпазир,бозгў ба талаботи меъёрҳои стандартҳои байналмилалӣ имкони воқеӣ фароҳам оварда шуд. Соҳибкорони вилояти Хатлон аз курсҳои бозомўзӣ гузашта, ғолиб ва иштирокчии фаъоли озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардиданд.Аз машваратҳои омўзишӣ баҳравар шуданд. Маҳз барои соҳибкорон дар Дастгоҳои марказии вилоятии «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон «Хонаи соҳибкорон» созмон додаем,ки он дорои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ,дастурҳои омўзишӣ, телефон,факс,интернет,шароити таълимию фароғатӣ мебошад. Дар ин радиф мутахассисони мақомоти Тоҷикстандарт дар Агентии Тоҷикстандарт ва хориҷи кишвар аз курсҳои бозомўзӣ ва такмили ихтисос гузаштанд. Бинои сеошёнаи Маркази вилоятии Тоҷикстандарт пурра таъмиру таҷдид гардида,барои фаъолияти онҳо ҳама шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шуд.Утоқҳои корӣ бо компютер ва дигар таҷҳизоти электронӣ таъмин гардида,бино бо системаи нави гармидиҳии муосир таъмин шуд.Танҳо ва танҳо бо дасту дилу нияти пок,баҳри дурахши Тоҷикистони соҳибистиқлол содиқона кор бояд кард.
Мутахассисони мақомоти Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон барои расидан ба 4 ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон, истеҳсолотчиёни ватанӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида,аз ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо иттилои бештар медиҳанд.
Дар шароити замони муосир,гузариш ба низоми идоракунии сифат,аз нигоҳи ватандорӣ бояд дарк намуд,ки пешрафти илму техника,баланд шудани сатҳи маърифати иқтисодиву маънавӣ ва фарҳангии башарият,истеҳсоли маҳсулоти босифати ватании бозоргузару рақобатпазир ва воридотивазкунанда аҳамият ва мақоми муҳим дорад.
Корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ва соҳибкорону истеҳсолотчиён тибқи ин талобат ва бо дарки ин маъниву масъулияти баланди ватандорӣ бояд фаъолияти худро роҳандозӣ кунанд. Пирўзӣ ва мавқеи баланд он гоҳ даст медиҳад,ки талаботи истеъмолкунандаро дар бозори ҷаҳонӣ ҳатман ба эътибор гирем.Чунин имконотро соҳибистиқлолии давлат тули 31 сол бароямон фароҳам овардааст,ки ба қадри соҳибистиқлолии Тоҷикистони маҳбуб расидан қарзи фарзандиву ватандории мост.