Гузариш ба стандартҳои байналмилалӣ Коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ

Гузариш ба низоми идоракунии сифат ҳар як истеҳсолотчӣ ва соҳибкорро водор месозад,ки фаъолияти коргоҳ ё корхонаи истеҳсолиашро тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монад. Дар роҳи расидан ба ин ҳадафи нек,”Коргҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ” – и ноҳияи Панҷ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст.
”Коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ” – и ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда,бо иқдоми соҳибкори инфиродӣ Сафарбек Музаффаров дар маркази шаҳраки “Панҷ” фаъолият дорад.дар ин коргоҳи истеҳсолӣ 8 – нафар занону бонувон баъди гузаштан аз курсҳои махсуси бозомўзӣ имрўз ба истеҳсоли 7 намуд маҳсулоти ширии аз нигоҳи экологӣ тоза ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол мегардад.Аз қабили 2 намуд “сметана”, “қаймоқ”, “кефир”, “ҷурғот”, “йогурт”.
Истеҳсолотчиёни ватанӣ ашёи хом – ширро аз аҳолии ду ҷамоати деҳот,фермаи ширию молии “Муҳаммади Шафеъ” дастрас карда,ҳар рўз 550 – 600 килограмм ширро бо сифати аъло коркард менамоянд.Соҳибкорон дастгоҳу таҷҳизоти наву замонавиро аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас кардаанд,ки бозгўи талаботи меъёрҳои стандартҳои байналмилалӣ мебошанд.
– Ҳамкории самарабахш бо мутахассисони варзидаи Агентии Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон,гузариш ба низоми идоракунии сифат мо истеҳсолотчиёни ватаниро водор намуд,ки истењсоли мањсулотамонро тибќи талаботи стандартҳои байналмилали “ИСО – 9001 – 2015”, “ХАС” ва “РЭКС” (стандарти байналмилалии содирот) ба роҳ монем.Мо самари ин ҳамкориҳоро аз файзу баракати соҳибистиқлолии давлат дониста,шукронаи давлати ободу озод ва Тоҷикистони соҳибистиклолро мекунем,- бо ифтихор аз давлати соҳибистиқлоли хеш таъкид дошт сартехнологи коргоҳ Абдукарим Музаффаров.
Натиҷаи заҳмати чунин коргоҳҳо, омўзиши таҷрибаи пешқадам, ҷорӣ намудани технологияи муосир дар истеҳсолот, ворид кардани дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба коргоҳ,гузариш ба низоми идоракунии сифат,ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ мебошад,ки на танҳо нишондодҳои истеҳсолӣ дар коргоҳ афзун гардиданд,балки ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи аввали соли равон ба 50 миллиону 684 ҳазор сомонӣ расонида шуд,ки афзоиш ба 21 фоиз баробар гардид.
Хушбахтона,аз самари истиқлол маҳсулоти истеҳсолкардаи ”Коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ” – и ноҳияи Панҷ дар дохили ноҳия ва берун аз он бо маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунандаи ватанӣ мавқеи хоса пайдо кард.Ба 54 мағозаи фурўши маҳсулоти ширии ноҳияи Панҷ ва дигар ноҳияҳои атроф маҳсулот дастрас мебошад.
– Мо худ бояд Ватан обод кунем.Ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифату рақобатпазири ватанӣ муаррифгари давлату миллати худ дар арсаи байналмилалӣ гардем. Дар ин ҷода ҳидоятҳои ватандўстона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,дастгирии соҳибкорони ватанӣ ба мо нерўи тоза мебахшад ёдовар шуд соҳибкори муваффақ Сафарбек Музаффаров.
Дар ҳақиқат, “Коргоҳи истеҳсолии маҳсулоти ширӣ” – и ноҳияи Панҷ иштирокчии фаъоли озмуни “Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”,ду сол иштирокчии намоиши сатҳи байналмилалии “Бохтар – ФУД” ва дигар намоишгоҳҳои сатҳи баланд буда,маҳсулоти истеҳсолкардаашон ба талаботи Созмони умумиҷаҳонии Савдо ва стандартҳои байналмилалӣ созгор мебошад.Аз ин нигоҳ таҷрибаи чунин коргоҳҳои истеҳсолиро дастгирӣ кардану дар истеҳсолот ҷорӣ намудан ба манфиати аҳли ҷомеа мебошад.