Таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ – тақозои замон

Озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти хўрока ва кишоварзии Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда,зимни яке аз сафарҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бохтар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд,ки ин рўйдод барои мо кормандони мақомоти Тоҷикстандарт фаромўшнопазир мебошад. Ҳадафи асосии мутахассисони озмоишгоҳ таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ мебошад, ки мо ин рисолати худро содиқона иҷро менамоем.
Озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти хўрока ва кишоварзии Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон дар Системаи миллии аккредитатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз руи стандарти ГОСТ ИСО/ МЭК 17025 – 2019 дар асоси “Талаботи умумӣ оид ба салоҳиятнокии озмоишгоҳҳои ташхисӣ ва калибровкакунонӣ” ваколатдор мебошад.Аз руи талаботи стандартҳои байналмиллиалӣ, низомнома, дастурамалҳо ва Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти хўрока ва кишоварзӣ аз се бахш иборат буда,дар раванди ташхис риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ – техникӣ ва Реглементҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда,ташхиси аниқу саривақтӣ хулосаи ташхисро ба дархосткунанда пешниҳод менамояд.Тибқи фармоиши директори Агентии Тоҷикстандарт “Дар бораи кам кардани пардохти арзиши хизматрасониҳо вобаста ба сертификатсияи маҳсулоти кишоварзии ба содирот нигаронидашуда” дар доираи татбиқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри пардохтҳои муқарраргардида барои ташхис ва корҳои сертификатсионӣ, ки тибки ҳуҷҷати роҳбарикунанда оид ба “Меъёрҳои меҳнатталабӣ ва тартиби пардохти арзиши корҳо оид ба санҷиш ва андозагирии воситаҳои ченак, ташхис, стандартонӣ ва баҳодиҳии мутобиқат” муайян шудааст,ҳангоми пешниҳоди ҳисобнома вобаста ба пардохти корҳои сертификатсионии маҳсулоти кишоварзии содиротӣ ба андозаи 50 фоиз кам гардидааст.Мақсади асосӣ бартараф намудани монеаҳои техникӣ, соддагардонии расмиёти сертификатсионӣ, мусоидат ба рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, зеро соҳибкорон бо меваҳои хушку тар ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ имкони воқеӣ пайдо мекунанд,ки Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.
Дар баробари ин ҳар рўзҳои шанбею якшанбе дар озмоишгоҳ тибқи фармоиши роҳбарияти Маркази вилоятии Тоҷикстандарт навбатдорӣ ташкил шуда, мутахассисони озмоишгоҳ ҳар рўз барои қабули намуна ва гузаронидани ташхисҳо барои маҳсулоти содиротӣ ва воридотӣ омода мебошанд.Дар самти беҳтар намудани сифати кор ва баланд бардоштани савияи дониши касбӣ мутахассисони озмоишгоҳҳо мунтазам ба курсҳои бозомўзӣ фаро гирифта мешаванд.