АҳамиятиGHP(Good Hygienic Practic) дар низоми идоракунии бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ.

Дар аксарияти корхонаҳои мамлакатҳои тарақикардаи ҷаҳон, ки ба истеҳсоли маҳсулоти хўрока сарукор доранд, системаи идоракунии бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ дар асоси стандарти байналмилалӣ ISO 22000 ва системаи НАССР ба роҳ монда шудааст. Ин амал кафолати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулот мебошад.
Ҳангоми таҳияи барномаи назорати истеҳсолӣ ба талаботи меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ, ба ҳисоб гирифтани талаботи таҷрибаи муносиби гигиенӣ (GHP) ва таҷрибаи муносиби истеҳсолӣ (GMP) шарт ва зарураст. GHP ва GMP барномаҳои заминавие мебошанд, ки дар асоси онҳо системаи идоракунии бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ амалӣ карда мешавад.
Ҳоло мо дар бораи меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ, яъне таҷрибаи хуби гигиенӣ (GHP), ки он гигиенаи шахсии ҳар як кормандро дар бар мегирад, маълумот пешниҳод менамоем.
Дар навбати аввал худи гигиена чист? Гигиена – ин аз касалиҳо эмин
Нигох доштани бадани худ ва дар холати солимӣ ва тозагӣ нигох доштани он мебошад. Дар натиҷаи риоя нагардидани талаботи гигиенаи шахсӣ, яъне тоза набудани бадани инсон метавонад сабабгори бемориҳои сироятӣ гардад.
Микробҳо микроорганизмҳои хурдакаке мебошанд, ки онҳоро бо чашмони одӣ дидан гайри имкон аст ва онҳо сабабгори бемориҳои сироятӣ мебошанд. Микробҳро ба воситаи микроскоп дар натиҷаи якчанд маротиба калон кардан, дидан мумкин аст.

Бемориҳои сироятӣ аз як одам ба одами дигар тариқи ҳаво гузаштанаш аз эхтимол дур нест. Муҳити носолим сабабгори касалӣ ё ин ки бемориҳо мебошад. Ба микроорганизмҳои зараррасон инҳо дохил мешаванд:
1. Сальмонелла (Salmonella)
2. Листериоз (Listeria monocytogen)
3. Вибрион (Vibrio)
4. Чубчаирудахо (Escherichia coli (E.coli O157))
5. Бациллацереус (Bacillus Cereus)
6. Стафилококк (Staphylococcus aureus)

Корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ ва муасисаҳои хизматрасонии хўроки умумӣ бояд гигиенаи шахсиро ҳама давра риоя намоянд.Гигиенаи дурусти шахсӣ иборат аст аз:
1. Истифодаи ҳаррўзаи душ
2. Пушидани либоси тозаи корӣ
3. Муйҳоро дар ҳолати тозагӣ нигоҳ доштан ва тур барои муй гирифта гаштан
4. Нохунҳоро кўтох ва тоза нигоҳ доштан, аз нохунҳои сунъӣ истифода набурдан
5. Истифода набурдани тилловориҳо ҳангоми бо маҳсулоти хўроквори сарукор гирифтан
6. Иваз нумудани пешгирак ҳангоми чиркин шудани он
7. Дар мавзеҳои тайёр намудани маҳсулоти хўрока накашидани тамоку.
8. Пушидани ҷойҳои буридаи бадан ва бо матои об ногузар бастани яраҳо
9. Анҷомҳои шахсии худро дурр нигоҳ доштан аз ҷойҳои тайёр ва нигоҳдории маҳсулоти хўрока.
10. Пушидани пойафзоли тозаи корӣ

Сарчашмаи ифлосшавии маҳсулоти хўроквори ашёи хом, об, ҳаво, чанг, хок, ахлот, обҳои ҷорӣ, хояндаҳо, ҳашарот, ҳайвонот, парандаҳо, маводҳои банду баст ва коргароне, ки бо маҳсулоти хўрока дастрасӣ доранд, мебошанд.

Дар низоми идоракунии бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ ҳангоми коркард, истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол ва фўруши маҳсулоти хўрокворӣ омилҳое мавҷуданд, ки ба он таъсири манфӣ мерасонанд. Кадомҳоянд?
1. Омилҳои биологӣ (бактерияҳо, микробҳо, паразитҳо, замбурўғҳо, хамиртурушҳо, мағораҳо ва микотоксинҳо)
2. Омилҳои кимиёвӣ (моддаҳоирангкунанда, антибиотикҳо, пеститсидҳо, равғанҳои молиданӣ, моддаҳои шустушӯй ва рӯйпушҳои ороишӣ)
3. Омилҳои физикӣ (шишапора, оҳанпора, пластмасс, сангпора, чўбпора, резина, қоғазпораҳо ва ғайраҳо)
Дар истеҳсолот бо таври системавӣ бояд ҳар як омил дар алоҳидагӣ идентификатсия, таҳлил, баҳогузорӣ ва таҳти назорат қарор дошта бошад. Бо ин мақсад дар корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хўрока системаи НАССР(Hazard Analysis and Critical Control Points) яъне “Таҳлили хатарҳо ва нуқтаҳои назоратии таҳдидомез” бояд ҷорӣ карда шавад.
Дар шароити бади санитарӣ ва гигиенӣ кор ва фаъолият намудан ба дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарди шикам, дарунравӣ, таби баланд, беҳаракатӣ, сардард ва ғайраҳо оварда мерасонад. Пеш аз кор ё ки ҳангоми кор дар ҳолати дарунравӣ, қайкунӣ, зардпарвин, таби баланд, дарди гулу, илтиҳоби гуш, чашм ё бинӣ, сирояти пуст ҳатман ба роҳбари бевоситаи худ муроҷиат намудан лозим аст. Кормандони бемор набояд бо маҳсулоти хўрока сарукор гиранд!

Сабаби асосии заҳролудшавии маводи хўрока омилҳои микробиологӣ мебошад. Микробҳо дар ҳама ҷой буданашон мумкинаст! Ҳангоми зарурият одамон бевосита аз пул, дастаи дар, банкоматҳо, ҳочатхона, телефон ва ғайраҳо ба таври васеъ истифода мебаранд. Микробҳои касалиовар ба организмҳои Шумо ба воситаи дастҳои ношуста ворид мегарданд. Ҳамчунин, ба воситаи одамон низ сироят ёфтан мумкин аст. Барои пешгирӣ аз касалиҳои сироятӣ мо бояд дастони худро баъди ҳочатхона, даст расондан ба ҳайвонҳои зинда, сулфа ва атса задан, тамокукашӣ, ба бадани худ даст расондан, хўрокхурӣ ва нўшиданиҳо, тозакунии болои мизҳо, ахлот партофтан, муносибат бо пул, тоза кардан бо швабра ва пеш аз ба кор шуруъ намудан шустушўй намоем.
Шустани дастҳо чӣ бартарият дорад?
– паҳншавии микробҳоро комилан маҳдуд мегардад,
– дуруст шустани даст воситаи хуби аз беморихои сироятӣ эмин мондан
мебошад,
– қариб 45% бемориҳои сироятӣ дар натичаи мунтазам шустани дастон
пешгирӣ карда мешавад.
Дар зиндагї ва кору фаъолиятамон мо имрўзҳо амалҳои зиёдеро иҷро мекунем. Дар навбати худ ҳар як амал тартиби иҷроиши худро дорад. Аз он ҷумла,шустани дастон тартиби иҷроиши ба худ хосро дорост.

Чӣ тавр мобояд дастонамонро шуем?
– дастонро бо оби равон тар кардан,
– бо истифодаи аз собун бо диққат ба тамоми даст тақсим кардани собун,
– мўҳдати 15-20 сония даст ва ангуштонро ба ҳам молидан,
– ба ҷойҳои душворрас байни ангуштон, кунҷи ангуштон ва зери нохунҳо
диққат додан,
– бо об шуста тоза кардани дастҳо,
– дастонро бо сачоқ ё хушккунак хушк намудан,
– ба комилан тоза шустани дастонатон боварӣ ҳосил намудан.

Тибқи талаботи қоидаҳои таҷрибаи муносиби гигиенӣ (GHP) дар корхонаҳое, ки ба истеҳсол, коркард, нигоҳ дорӣ ва фўруши маҳсулоти хўрокворӣ сару кор доранд, ҳуҷраи махсус барои иваз намудани либоси коргарон дошта бошад. Ба ҳар як коргар бояд ҷевони алоҳида ҷудо гардад, то ў тавонад либосҳои шахсии худро дар он ҷо нигоҳ дорад. Барои дуруст риоя гардидани гигиенаи шахсӣ либосҳои шахсӣ ҷудо аз либосҳои корӣ нигоҳ дошта мешавад.
Барои таъмини бехатарии маҳсулоти ғизоӣ дар минтақаи коркарди он набояд туф кардан, сулфидан, тамокукашидан, бисёр гап задан, истифодаи тилловориҳо ва ба хурокиҳои барои истеъмол тайёр бо дастони чиркин расидан.
Мо бояд ҳамеша дар фикри солимии кормандони худ бошем ва аз онҳо талаб намоем, то ки дар шашмоҳ як маротиба аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Кормандоне, ки маълумотномаи тиббӣ надоранд ба кор роҳ дода намешаванд.
Дар маълумотномаи тиббӣ ҳатман бояд нишондиҳандаҳои клиники (ташхиси хун, пешоб, ахлот) ва нишондихандаҳои эпидемиологӣ (гепатит A,B,C, стафилококк, бемориҳои сироятӣ) дарҷ гардад.
Давлаталӣ Эмомов
Мудири бахши Низоми идоракунии
Сифати Маркази Тоҷикстандарт
дар вилояти Хатлон