МУСОҲИБА Истиқлолият ва соҳибкорӣ

«Даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кўшишҳои ватандўстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад».
Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамасола дар мамлакат 14-уми октябр ҳамчун рӯзи соҳибкорон қайд карда мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо ин мақсад чораҳои мушаххасро роҳандозӣ намудааст.
Дар ҳақиқат, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати дарҳои боз, густариши ҳамкориҳо бо давлатҳои пешрафтаи дунё имкони воқеӣ фароҳам овардааст, ки дар мамлакат соҳибкорӣ рушди тоза ёбад. Дар ин радиф дар калонтарин вилояти ҷумҳурӣ – вилояти Хатлон соҳибкорӣ зина ба зина рушд ёфта, соҳибкорони ватанӣ дар пешрафту ободии ватан, бунёди садҳо иншооти тайиноти гуногун нақши муассир доранд. Маҳз дар солҳои охири соҳибистиқлолии мамлакат ҳамкориҳои Тоҷикистон бо давлатҳои дунё дар самти соҳибкорӣ, бунёди корхонаҳои муштарак рушди тоза ёфт. Бо мақсади истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир, воридотивазкунанда, муаррификунандаи давлату миллати тоҷик мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлон пайваста бо соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд, машваратҳои омўзишӣ мегузаронанд, ба рушди истеҳсолоти ватанӣ мусоидат менамоянд. Албатта, рушди соҳибкорӣ,бунёди корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазирро наметавон бе сармоя, бе маблағи зарурӣ тасаввур кард.
Дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ, бахусус сармояи мустақими хориҷӣ ба рушди соҳибкорӣ, бунёди корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард. Дар нуҳ моҳи соли 2022-юм ба вилояти Хатлон 60,6 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз ин 54 миллион доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53,8 миллион доллар зиёд мебошад. Ба вилоят махсусан аз 28 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардида, ки бештари маблағҳо ба давлатҳои Россия, Чин ва Эрон рост меояд. Айни замон дар вилояти Хатлон 40 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳоли татбиқ қарор доранд. Маблағи азхудшудаи ин лоиҳаҳо 728 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил медиҳад. Ба рушди соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, экология ва ҳолатҳои фавқулода, системаи ирригатсионӣ. хоҷагии манзилию комуналӣ, нақлиёт, тандурустӣ, энергетика, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо таваҷҷуҳ карда шудааст.
Дар нуҳ моҳи соли равон сармоягузорону соҳибкорони вилоят дар 15 форуму намоишҳои тиҷоратӣ ширкат варзида, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ 84 шартномаву ёдошти тафоҳум ба маблағи беш аз 4,3 миллиард сомонӣ ба имзо расониданд. Дар вилоят 4 форуми сармоягузорӣ аз чумла, Форуми байналмиллалии содиротии Бохтар «Фут-2022» баргузор карда шуд. Дар доираи ин форум 12 созишномаҳои ҳамкорӣ ба маблағи 21,6 миллион доллар ба имзо расид.
Ҳамчунин дар доираи сафари кории ҳокими вилояти Сурхондарёӣ Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва соҳибкорону сармоягузорони он ба вилояти Хатлон дар шаҳри Норак «Форуми рушди ҳамкорони дуҷониба байни вилояти Сурхондарёӣ ҷумҳурии Ӯзбекистон ва вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор карда шуд. Ин форум низ ба имзои ҳафт санади ҳамкорӣ ба маблағи 10,6 миллион доллар асос гузошт. Форуми байналмиллалии иқтисодии Кӯлоб 2022 бо иштироки 300 нафар аз ҷумла роҳбарону масъулони вазорату кумитаҳо, мақомоти давлатӣ, намоянда аз сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Белорусия. Туркиёву Ўзбекистон, сармоягузорону соҳибкорон аз хориҷи кишвар ва дохили Тоҷикистон ба имзои 17 санади ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 3.7 миллиард сомонӣ замина гузошт.Дар ин радиф дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара форуми соҳибкорони байни минтақавии вилояти Хатлон ва шаҳри Конияи давлати Туркия баргузор шуд, ки 5 санади ҳамкори ба имзо расид.
Ҳамчунин тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 11-18-юм сентябри соли 2022 таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳайати 60 нафараи вилоят бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд ва густариши муносибатҳои тиҷоративу иқтисоди ба ҷумҳурии Туркия сафари кори анҷом доданд. Дар доираи ин сафар ду бизнес форум дар шаҳрҳои Газиантеп ва Бурса баргузор шуд. Дар маҷмўъ 16 санади ҳамкорӣ бо арзиши умумии 40,7 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд.
Пешбинӣ гардидани имтиёзҳои андозию гумрукӣ кам кардани ҳуҷҷатҳои ба расмиятдарории фаъолияти соҳибкорӣ имкон фароҳам овардааст, ки соҳибкорон сармояи худро ба бунёди иншооти гуногуни истехсолию иҷтимоӣ равона созанд. Ҳар сол дар мамлакат 14-уми октябр қайд кардани Рӯзи соҳибкорон ин нишони таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳибкорӣ мебошад.Аз нигоњи дигар густариши ҳамкориҳо бо давлатҳои пешрафтаи дунё,соҳибистиқлолии давлат,ҳамкории самарабахши давлати Тоҷикистон бо зиёда аз 180 давлати дунё,ба назари эътибор гирифтани талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо ба истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир,рушди соҳибкорӣ, бештар ворид гардидани сармояи муcтақими хориҷӣ заминаи воқеӣ гузошт.